Амалиёти фаврӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи ноҳиявии Департаменти назди Прокуратураи генералии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо намояндагони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шуд. Роҳбари муассиса бо далелҳои шайъӣ боздошт гардид.
Тибқи маълумот, шаҳрванд Ҷ. Б. дар ҳудуди маҳаллаи «Ғолиблар» бо гирифтани иҷозатномаи ташкилотҳои дахлдор хона сохтааст. Бо вуҷуди ин, У. Ю. изҳор доштааст, ки хона ба канал хеле наздик ҷойгир буда, ният дорад барои андешидани чораҳо ба суд муроҷиат кунад.
Ӯ аз шаҳрванд 16 ҳазор доллар талаб карда, ваъда додааст, ки дар сурати гирифтани маблағ ба суд дар бораи бартараф шудани ҳамаи камбудиҳо хабар дода, аз даъвои худ даст мекашад. Роҳбари муассиса ҳангоми гирифтани 5 ҳазор доллар аз маблағи талабкардааш дар утоқи кории худ боздошт шудааст.
Аз рӯйи ин ҳолат тибқи моддаи 210 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, айни замон амалҳои тафтишотӣ идома доранд.