Дарозии ин ҳудуд тақрибан 1,5 километр буда, аз бинои ҳокимияти ноҳияи Мирзо Улуғбек оғоз шуда, то Боғи марказии истироҳатӣ идома меёбад.

Тавре дар ҳокимияти ноҳия хабар доданд, дар доираи лоиҳа дарахтон ва минтақаҳои сабзи мавҷуда нигоҳ дошта шуда, ба тартиб дароварда мешаванд. Биноҳои воқеъ дар канори канал ба инвентаризатсия гирифта шуда, ҳудудҳои ғайриқонунӣ ишғолшуда тибқи тартиби муқарраргардида ба ҳолати мувофиқ оварда мешаванд.

Ҳамчунин дар ин ҷо роҳравҳои пиёдагард ва дучархаронӣ, роҳҳои махсус барои шахсони дорои маъюбият, курсиҳо ва айвонҳо насб карда шуда, майдончаҳои кӯдакона ва workout ташкил карда мешаванд.

Дар ошёнаҳои якуми биноҳои бисёрошёнаи №1А, 2, 3, 5 ва 7 дар маҳаллаи Мирзакалон Исмоилӣ истифодаи самараноки майдонҳо барои рушди соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.