Дар чорабинӣ ҳамчунин Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Марко Рубио, фиристодаи махсуси Президенти ИМА Серҷи Гор, намояндагони ширкатҳо ва бонкҳои пешбари амрикоӣ ширкат варзиданд.

Сарвари давлати мо дар суханронии худ таъкид кард, ки баррасии имкониятҳои нави ҳамкории Ӯзбекистон ва ИМА дар шаҳри Самарқанд, ки дар тӯли асрҳо халқҳо, фарҳангҳо ва роҳҳои тиҷоратиро бо ҳам пайвастааст, рамзӣ мебошад.

Зикр гардид, ки имрӯз муносибатҳои Ӯзбекистону Амрико ба сатҳи сифатан нав, пеш аз ҳама  ба туфайли таваҷҷуҳ ва дастгирии шахсии Президенти ИМА Доналд Трамп баромадааст.

Зарурати густариши минбаъдаи робитаҳои иқтисодӣ дар заминаи шарикии устувори сиёсӣ таъкид гардид.

Дар ин раванд ба Шӯрои соҳибкорӣ ва сармоягузории Амрико ва Ӯзбекистон, ки дар пешбурди лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштарак саҳми назаррас мегузорад, нақши махсус дода мешавад.

Сарвари давлат дигаргуниҳои густурдаеро, ки дар Ӯзбекистон ҷараён доранд, таъкид намуд. Иқтисодиёт рушд карда, корхонаҳои нав ба фаъолият оғоз менамоянд, ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд ва дастрасии ҷавонон ба таҳсил васеъ мегардад.

Ҳамзамон, барои рушди минбаъдаи саноат ва бунёди инфрасохтори муосир зарур аст, ки ҷалби сармоя бо ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, интиқоли дониш ва таҷриба ҳамоҳанг бошад.

Дар ин замина, ба таҷрибаи ғании ҳамкорӣ бо соҳибкорони амрикоӣ ишора гардид. Дар Ӯзбекистон садҳо ширкат бо сармояи Амрико фаъолият доранд, ки бо онҳо дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф ва технологияҳои нав ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон, ширкатҳои ӯзбекистонӣ низ ба сармоягузорӣ дар иқтисодиёти ИМА шурӯъ кардаанд.

Аз ҷумлаи самтҳои ояндадори густариши минбаъдаи шарикӣ азхудкунӣ ва коркарди амиқи маъданҳои муҳими стратегӣ бо истеҳсоли маҳсулоти баландтехнологӣ, рушди низоми муосир ва боэътимоди энергетикӣ, таъсиси марказҳои коркарди маълумот, ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ ва роҳҳалҳои рақамӣ дар саноат, кишоварзӣ, маориф ва идоракунии давлатӣ, инчунин рушди соҳаи маориф ва омодасозии кадрҳо ном бурда шуданд.

Зикр гардид, ки то ҷаласаи кунунии Шӯрои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ корҳои зиёди омодагӣ анҷом дода шудаанд. Дар натиҷа, маҷмӯи 54 созиш ва ташаббуси ояндадор ба маблағи умумии тақрибан 12 миллиард доллар ташаккул ёфтааст. Барои татбиқи амалии онҳо барномаи фарогири чорабиниҳо таҳия карда мешавад.

Бо мақсади такмили минбаъдаи фаъолияти Шӯро зарурати мутамарказ намудани талошҳо ба ҳалли се вазифаи афзалиятнок таъкид гардид.

Пеш аз ҳама, бояд барои соҳибкорони амрикоӣ шароити равшан ва пешгӯишаванда фароҳам оварда шавад. Сармоягузоре, ки ба Ӯзбекистон меояд, бояд тавонад бидуни сарфи вақт барои расмиёти маъмурӣ фавран фаъолияти соҳибкории худро оғоз намояд.

Дар ин замина, гузариш ба модели нави ҳамкорӣ бо сармоягузорон бар асоси усули "plug and play" пешбинӣ шудааст. Ба онҳо лоиҳаҳои пурра омодашуда — бо қитъаҳои замини омода, инфрасохтори пайвастшуда, тамоми иҷозатномаҳо ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод мегарданд.

Ҳамзамон, соҳибкорони ӯзбек низ метавонанд ҳамчун шарик баромад намуда, дар тақсими хавфҳои сармоягузорӣ иштирок кунанд. Бо ин мақсад Фонди сармоягузориҳои мустақим таъсис дода шудааст, ки дар чунин лоиҳаҳо саҳм хоҳад гузошт.

Ҳамчун вазифаи навбатӣ аҳаммияти ташаккули муштараки соҳаҳои нави иқтисодиёт ва марказҳои бузурги рушди саноатӣ ва технологӣ таъкид гардид.

Дар ниҳоят, Шӯро бояд ба механизми стратегии шарикии дарозмуддати иқтисодии ду кишвар табдил ёбад. Бо ин мақсад пешниҳод шуд, ки Барномаи ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ ва технологӣ то соли 2035 таҳия карда шавад.

Ҳамзамон, Шӯро бояд ба минбари фаъол барои таҳияи ташаббусҳои нав, бартараф намудани монеаҳои низомӣ ва пешбурди лоиҳаҳои бузурги муштарак табдил ёбад.