Дар оғози мулоқот Марко Рубио ба сарвари давлати мо салому паёмҳои самимӣ ва таманниёти неки Президенти ИМА Доналд Трампро расонд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳкими минбаъдаи шарикии стратегии Ӯзбекистону Амрико ва татбиқи пайвастаи созишҳое, ки дар сатҳи олӣ ба даст омадаанд, равона гардид.

Натиҷаҳои нишасти навбатии вазирон дар қолаби «C5+1», ки манфиатдории тарафайнро ба таҳкими муколама ва тавсеаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо кишварҳои Осиёи Марказӣ тасдиқ намуд, баҳои баланд гирифтанд.

Аз фаъол гардидани ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои калидӣ – сиёсат ва амният, савдо ва сармоягузорӣ, инноватсия ва технология, маориф ва фарҳанг  изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Муколамаи мустақим ва созанда миёни парламентҳо ва ниҳодҳои давлатии ду кишвар ба роҳ монда шуда, робитаҳо миёни доираҳои соҳибкорӣ ва ҷомеаи илмӣ густариш меёбанд.

Ҳамкорӣ дар соҳаи амният, пеш аз ҳама, дар мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ тақвият меёбад.

Қадами муҳим дар рушди муносибатҳои дуҷониба роҳандозии Муколамаи шарикии стратегии густаришёфтаи  миёни Ӯзбекистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гардид. Дар натиҷаи нахустин ҷаласаи он як қатор санадҳо, аз ҷумла Созишномаҳои Артемида дар соҳаи азхудкунии осоиштаи фазои кайҳон ба имзо расонида шуданд.

Ҳамкориҳои иқтисодӣ яке аз пояҳои калидии шарикии стратегӣ боқӣ мемонанд. Аз аввали соли ҷорӣ гардиши савдои мол миёни ду кишвар 35 фоиз афзоиш ёфтааст. Барномаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бомуваффақият амалӣ гардида, дар доираи он лоиҳаҳои бузург дар соҳаҳои авиатсияи гражданӣ, автомобилсозӣ, саноати кӯҳӣ, энергетика, кишоварзӣ, рақамикунонӣ ва бахши молиявӣ татбиқ мешаванд.

Нақши махсуси Шӯрои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таъкид гардид. Дар доираи ҷаласаи имрӯза оид ба татбиқи созишҳои нав ба маблағи 12 миллиард доллар тавофуқ ҳосил шуд.

Ҳамкориҳои башардӯстона низ пайваста густариш меёбанд. Дар шаҳри Тошканд Донишгоҳи Вебстер, Донишгоҳи технологии Амрико ва Маркази салоҳиятҳои Мактаби маъданшиносии Колорадо бомуваффақият фаъолият доранд. Шумораи сайёҳони амрикоие, ки ба Ӯзбекистон ташриф меоранд, меафзояд.

Тарафҳо инчунин дурнамои нави ҳамкориҳои амалиро муайян карданд. Дар соҳаҳои маъданҳои дорои аҳаммияти стратегӣ, энергетика, нақлиёт, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ имкониятҳои назарраси ҳамкорӣ мавҷуданд.

Ба рушди робитаҳои байниминтақавӣ ва табодули ҳайатҳои соҳибкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҳамчунин, доир ба масъалаҳои мубрами сиёсати байналмилалӣ ва амнияти минтақавӣ табодули афкори муфассал сурат гирифт.

Ҷадвали чорабиниҳои дарпешистода бо иштироки роҳбарони ду кишвар ва муҳтавои онҳо низ баррасӣ карда шуд.