Дар оғози мулоқот меҳмони олимақом салому паёмҳои самимӣ ва таманниёти неки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳбари давлати мо расонд.

Ҷанбаҳои асосии таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар заминаи татбиқи тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилшуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Афзоиши равобити шарикӣ дар тамоми самтҳо бо қаноатмандӣ қайд гардид. Ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва ҳамлу нақли бор миёни ду кишвар меафзояд. Лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва хоҷагии об дар марҳалаи фаъоли татбиқ қарор доранд.

Зарурати густариши табодули фарҳангӣ-гуманитарӣ, ҳамкориҳои соҳаи маориф ва рушди робитаҳои сайёҳӣ таъкид гардид.

Ҳамчунин, ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавиро баррасӣ карданд.