Гуфта мешавад, ки дар ноҳияи Тошканд як сокини 42-солаи маҳаллӣ, ки иҷозатномаи дахлдор надошт, ба боварии як сокини пойтахт даромада, пешниҳод кардааст, ки тавассути шиносони худ сафари ӯро ба Арабистони Саудӣ барои адои зиёрати «Умра» ташкил кунад. Барои хизматрасонии худ ӯ 1 ҳазору 100 доллари ИМА талаб кардааст.

Ҳангоми гирифтани 1 ҳазор доллари ИМА ва 1,2 миллион сӯм ин мард аз ҷониби кормандони Хадамоти давлатии амнияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ бо далелҳои шайъӣ дастгир карда шуд.

Ҳодисаи ба ин монанд дар вилояти Фарғона низ ошкор гардид. Дар ҷараёни амалиёти фаврӣ, ки аз ҷониби кормандони Хадамоти давлатии амният дар ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ гузаронида шуд, фаъолияти ғайриқонунии менеҷери як ширкати сайёҳӣ, ки дар ноҳияи Данғара фаъолият мекард, пешгирӣ карда шуд.

Муайян гардид, ки менеҷер барои ташкили сафари ду сокини ноҳияи Учкӯприк ба зиёрати «Умра» 2 ҳазору 200 доллари ИМА гирифтааст.

Аз рӯи ҳар ду ҳолат парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд. Айни замон амалҳои тафтишотӣ идома доранд.