Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ
дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ ва мактабӣ, рушди омӯзиши забони фаронсавӣ,
такмили ихтисоси омӯзгорон ва рақамикунонии раванди таълимро баррасӣ карданд.
Аз ҷумла, бо гурӯҳи нашриётии «Hachette Livre» созишнома оид ба
густариши ҳамкорӣ дар самти интиқоли китобҳои дарсии забони фаронсавӣ ба имзо
расид.
Дар мулоқот бо роҳбарияти «France Éducation International» масъалаи таъсиси
маркази минтақавии омӯзиши забони фаронсавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар
шаҳри Тошканд, инчунин таъсиси маркази муштараки салоҳиятҳои Ӯзбекистону
Фаронса оид ба усулҳои таълими забони фаронсавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷониби Фаронса инчунин пешниҳод намуд, ки дар Ӯзбекистон
нахустин нишасти минтақавии такмили ихтисоси омӯзгорони забони фаронсавӣ аз
кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор карда шавад.
Ҳамчунин мулоқот бо роҳбарияти ширкати австралиягии «Canva», ки яке аз платформаҳои
пешсафи ҷаҳонии таълими рақамӣ мебошад, баргузор гардид. Дар натиҷаи мулоқот
созишнома ба имзо расид, ки тибқи он тамоми мактабҳои давлатии таҳсилоти умумии
Ӯзбекистон метавонанд дар давоми се сол аз платформаи «Canva for Education» ба таври
ройгон истифода баранд.
Дар доираи ин лоиҳа зиёда аз 10 ҳазор мактаби давлатӣ ба воситаҳои
рақамии платформа барои истифода дар раванди таълим дастрасӣ пайдо мекунанд.