Дар
ин бора Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дод.
Самти
бакалаврии «Ҳамширагии олии тиббӣ»
ба «Ҳамроҳии олии тиббӣ»
табдил дода мешавад. Ба хатмкунандагони зан ихтисоси «ҳамшираи тиббӣ», ба мардон бошад, «бародари тиббӣ» дода мешавад.
Қабули
донишҷӯён ба зинаи бакалавриат ҳамасола на
кам аз 20 дарсад зиёд карда мешавад. Таълим тибқи барномаҳои
муштарак бо донишгоҳҳои пешрафтаи хориҷӣ ба роҳ монда шуда, на кам аз 70 дарсади барномаҳои
таълимии онҳо ҷорӣ карда мешаванд.
Ба
хатмкунандагони зинаи бакалавриат аз рӯи ин самт ҳар моҳ ба андозаи 1 ҳадди ақалли музди меҳнат ва ба
хатмкунандагони зинаи магистратура ба андозаи 2 ҳадди ақалли музди меҳнат пардохти иловагӣ
муқаррар карда мешавад.