Заминларза дар ҳудуди ҳавзаи шаҳрии Нагчу, воқеъ дар Вилояти Мухтори Тибети Чин, рух дод. Дар ин бора хабаргузории «Синхуа» бо истинод ба идораи маҳаллии ҳолатҳои фавқулода хабар додааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ, 11 нафар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.
Бар асари заминларза манзили 339 оила хароб шудааст. Наҷотдиҳандагон корҳои ҷустуҷӯиву наҷотдиҳиро идома дода, ба осебдидагон кумаки зарурӣ мерасонанд. Мақомот ҳоло миқёси хисороти расидаро муайян мекунанд, хабар медиҳад rbc.ru.
Тибқи маълумоти Вазорати идоракунии ҳолатҳои фавқулодаи Чин, маркази заминларза дар чуқурии 10 километр ҷойгир буд. Мақомоти кишвар сатҳи чоруми вокуниши фавриро ҷорӣ карда, гурӯҳи кориро ба минтақаи осебдида фиристоданд.
Дар Чин низоми чорсатҳии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода амал мекунад. Мувофиқи ин низом, сатҳи якум аз ҳама ҷиддитарин ба ҳисоб меравад.
Моҳи июн хабаргузории «Синхуа» дар бораи заминларзаи магнитудааш 5,5 дар вилояти Сичуани Чин хабар дода буд, ки дар натиҷаи он 13 нафар ҷароҳат бардоштанд. Ҳамаи онҳо осеби сабук дида, касе ба ҳалокат нарасида буд. Мақомот 196 нафарро кӯчонида буданд. Заминларза ба 21 хона осеб расонда, дар чанд қитъаи роҳ боиси резиши сангҳо гардид.