Тавре хабаргузории Report иттилоъ медиҳад, дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Панама Хосе Раул Мулино дар муроҷиат ба мардум хабар додааст. Навори муроҷиати ӯ дар саҳифаи шахсиаш дар шабакаи иҷтимоии X нашр шудааст.

«То ин дам 1 744 хона мавриди санҷиш қарор гирифта, 6 174 нафар зарар дидаанд. Ин рақам вобаста ба натиҷаҳои санҷишҳои минбаъда тағйир хоҳад ёфт», — гуфтааст сарвари давлат.

Ӯ таъкид кардааст, ки заминларза қувваи харобиовари зиёд дошта, мутахассисон ҳанӯз ҳам миқёси хисороти расидаро арзёбӣ мекунанд. Ҳамзамон, ҳукумат барои интиқоли маводи ғизоӣ ва оби нӯшокӣ, барқарорсозии роҳу пулҳо ва таъмини неруи барқ чораҳо меандешад.

«Ман барои он ки кумак ва қарорҳои зарурӣ ба дасти онҳое, ки бештар ба онҳо ниёз доранд, бирасанд, аз хароҷоти зарурӣ сарфа нахоҳам кард», — изҳор доштааст Мулино.

Ба гуфтаи ӯ, мақомот масолеҳи заруриро барои таъмири манзилҳо дастрас намуда, инчунин пудратчиёни маҳаллиро барои сохтмони хонаҳои нави ду ва сеҳуҷрадор ҷалб мекунанд. Лоиҳаҳои ин хонаҳо аз ҷониби мутахассисони Полиси миллӣ таҳия шудаанд.

Шаби сешанбе дар Панама заминларзаи магнитудааш 6,4 рух дод. Пеш аз ин, рӯзи ҷумъа дар кишвар заминларзаи шадид бо магнитудаи 7,7 ба қайд гирифта шуда буд. Он замон на камтар аз 27 нафар зарар дида буданд.