Дар ин бора ширкати «Ӯзбекнефтгаз» хабар додааст.
Зикр мешавад, ки корҳои пармакунӣ дар ин конро ҶДММ «Ӯзнефтегаз бурғилаш ишлари» сарфи назар аз шароити мураккаби геологӣ бомуваффақият анҷом додааст.
Тибқи натиҷаҳои озмоишҳои гузаронидаи ҶДММ «Ӯзбекгеофизика», аз қабатҳои ояндадори зеризаминӣ дар умқи 4 588–4 708 метр ҷараёни гази табиӣ таҳти фишори баланд ба даст оварда шудааст.
Айни замон корҳои муҷаҳҳазгардонии техникии майдонҳои саноатии рӯизаминӣ, инчунин сохтмони лӯлаҳои газ ва шабакаҳои интиқоли гази нав ба истеъмолкунандагон идома доранд.
Илова бар ин, пеш аз ба истифода супоридани чоҳ таҳқиқоти ниҳоии гидродинамикӣ гузаронида мешаванд.