Тибқи маълумоти тафтишот, Н.Р. ба тасарруфи молу мулки шаҳрвандон ба миқдори калон бо роҳи фиреб ва сӯиистифода аз боварӣ гумонбар мешавад.

Нисбат ба ӯ тибқи қисми 3 моддаи 168 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар ҳамкориҳоро ҷиҳати муайян кардани маҳалли будубоши шахсони дигари таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарордошта идома медиҳанд.