Ин чорабинӣ дар шаҳри Анталия дар доираи иҷлосияи 31-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳ ҳамчунин роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ иштирок карданд.
Дар доираи саммит маросими аксбардории муштараки роҳбарони ҳайатҳои иштироккунанда баргузор шуд.
Саммити роҳбарон таҳти шиори «Ба сӯи ояндаи устувор, босубот ва одилона» баргузор гардида, ҳадафи он такони нав бахшидан ба талошҳои байналмилалӣ ҷиҳати муқовимат ба тағйирёбии иқлим ва иҷрои уҳдадориҳои глобалии экологӣ мебошад.
Конфронси COP31 аз 9 то 20 ноябр баргузор шуда, намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои соҳибкорӣ ва илмӣ, инчунин ҷомеаи шаҳрвандиро ба ҳам меорад. Дар маркази таваҷҷуҳ татбиқи амалии Созишномаи Париж, коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим, густариши маблағгузории иқлимӣ ва суръат бахшидан ба гузариш ба иқтисодиёти «сабз» қарор доранд.
Барои Ӯзбекистон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ин масъалаҳо бо назардошти шиддат гирифтани норасоии захираҳои об, таназзули заминҳо, обшавии пиряхҳо, хушксолӣ ва дигар оқибатҳои гармшавии глобалӣ аҳаммияти хос доранд.
Яке аз қадамҳои муҳими амалӣ дар ин самт оғози татбиқи барномаи минтақавии «Манзараҳои ба тағйирёбии иқлим устувори Осиёи Марказӣ» (CLiCA) дар доираи саммит гардид. Барномаи мазкур бо ташаббуси муштараки Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ва бо дастгирии шарикони байналмилалӣ таҳия шудааст.
Ҳаҷми умумии маблағгузории ин барномаи ҳафтсола 264,4 миллион евроро ташкил медиҳад, ки аз ин маблағ 103,7 миллион евро ба Ӯзбекистон рост меояд. Маблағҳо барои барқарорсозии ҷангалзорҳо ва чарогоҳҳо, ҷорӣ намудани усулҳои ба тағйирёбии иқлим устувори кишоварзӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва васеъ намудани имкониятҳои мутобиқшавии аҳолии деҳот ба тағйирёбии иқлим равона карда мешаванд.
Ӯзбекистон уҳдадориҳои худро дар доираи рӯзномаи глобалии иқлим пайваста амалӣ менамояд. Аз ҷумла, то соли 2035 коҳиш додани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ба ҳар воҳиди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба андозаи 50 фоиз дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2010 пешбинӣ шудааст.
Кишвари мо соли 1993 ба Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ҳамроҳ шуда, соли 2018 узви Созишномаи Париж гардид. Имрӯз Ӯзбекистон ташаббусҳои байналмилалӣ ва минтақавиро дар соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, рушди энергетикаи барқароршаванда, сарфаи об ва таҳкими устувории иқлим фаъолона пеш мебарад.