Сарвари давлати мо дар шаҳри Анталия дар Саммити сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои ҷаҳон дар доираи иҷлосияи 31-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) суханронӣ намуда, як қатор ташаббусҳои навро ҷиҳати мубориза бо тағйирёбии иқлим ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар ин самт пешниҳод кард.

Дар ҳошияи саммит як силсила мулоқоту музокирот бо сарони давлатҳо, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ баргузор гардид. Дар онҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба, гузариш ба иқтисоди «сабз» ва рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар рӯзи аввали сафар Президенти Ӯзбекистон бо директори иҷроияи Хазинаи иқлими сабз Мафалда Дуартэ, президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Одил Рено-Бассо, дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорологӣ Селесте Сауло, Президенти Гурҷистон Михаил Кавелашвили, инчунин вазири энергетика, вазири саноат ва захираҳои маъдании Арабистони Саудӣ, шоҳзода Абдулазиз бин Салмон Ол Сауд мулоқот анҷом дод.

Барномаи рӯзи дуюми сафар мулоқоту музокирот бо президенти Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Аҷай Банга, Президенти Финландия Александр Стубб, Президенти Словения Наташа Пирт Мусар, Сарвазири Бангладеш Тариқ Раҳмон, котиби иҷроияи Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ Ёсмин Фуод, инчунин маъмури Барномаи рушди СММ Александр Де Крооро дар бар гирифт.

Пас аз анҷоми барномаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Тошканд баргашт. Дар фурудгоҳи байналмилалии Анталия намояндагони расмии Туркия Сарвари давлати моро ҳамроҳи ҳамсараш гусел карданд.