Ҳамчунин, хонандагони Ӯзбекистон дар даври амалӣ ғолибияти мутлақ ба даст оварданд.

Маросими тантанавии қадрдонии ғолибон 9 ноябр баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, Академияи илмҳо ва муассисаҳои таълимии Ӯзбекистон ва Қароқалпоқистон иштирок намуданд.

Барои маълумот: барои медалҳое, ки дар олимпиадаҳои байналмилалии минтақавӣ ба даст оварда мешаванд, мукофотпулиҳои якдафъаинаи зерин пешбинӣ гардидаанд:

Медали тилло – 12 АБҲ (5 миллиону 280 ҳазор сӯм), ба омӯзгори ғолиб – 50 АБҲ (22 миллион сӯм);

Медали нуқра – 8 АБҲ (3 миллиону 520 ҳазор сӯм), ба омӯзгор – 35 АБҲ (15 миллиону 400 ҳазор сӯм);

Медали биринҷӣ – 6 АБҲ (2 миллиону 640 ҳазор сӯм), ба омӯзгор – 30 АБҲ (13 миллиону 200 ҳазор сӯм).

Илова бар ин, ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ ва байналмилалии минтақавӣ ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз фанни дахлдор соҳиби холи баландтарини имтиҳонӣ мегарданд.

Ба омӯзгороне, ки ғолибонро омода кардаанд, бе гузаштани расмиёти аттестатсия дараҷаи олии тахассусӣ дода мешавад.

Дорандагони медалҳои ARBIChO 2026

Медалҳои тилло (4 нафар):

Зулайхо Эргашбоева;

Шодиёна Абдулмаҳмудова;

Фозилбек Рисқулов;

Ҷасур Мустафоев.

Медалҳои нуқра (6 нафар):

Бону Шерипбоева;

Муслиҳа Абдуҳакимова;

Абдуазим Абдураҳимов;

Шуҳрат Тулқинов;

Нозима Холмаҳматова;

Азизмуҳаммад Ҳофизов.

Медалҳои биринҷӣ (6 нафар):

Гумисай Сулаймонова;

Айзада Кенесбаева;

Исломбек Баҳодиров;

Гуласал Садуллаева;

Лазизахон Аҳмадҷонова;

Сарвиноз Аҳмадҷонова.