Дар чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов, Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II, намояндагони воломақоми Озарбойҷон ва Қирғизистон, инчунин, меҳмонони хориҷӣ низ ширкат варзиданд.

Масъалаҳои таъмини амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, инчунин хатару таҳдидҳои нави марбут бо рушди технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардиданд.

Ба тавсеаи ҳамкориҳои амалии байни давлатҳо, табодули таҷриба, бахусус такмили механизмҳои пешгирии ифротгароӣ миёни ҷавонон диққати махсус дода шуд.

Президенти кишварамон зимни суханронӣ аҳамияти «Раванди Ақаба»-ро дар шароити кунунӣ, ки таҳдидҳо ба амният ва субот меафзоянд, баланд арзёбӣ намуд.

Гуфта шуд, ки рушди босуръати технологияи зеҳни сунъӣ дар баробари фароҳам овардани имконоти бузург барои инсоният, ҳамзамон таҳдидҳои навро низ ба миён меорад. Аз ин рӯ, фароҳам овардани шароит барои таълими босифат ва ҳамаҷониба намоён кардани иқтидори инсонӣ чун заминаи муҳими таъмини амният таъкид гардид.

Сарвари давлат бо мақсади ҳамоҳанг сохтани анъанаҳои башардӯстонаи маърифат ва талош барои донишандӯзӣ бо дастовардҳои илму технологияи муосир ташаббуси «Рушди рақамӣ дар роҳи манфиатҳои инсон»-ро пешбарӣ намуд. Вазифаи асосии он барои васеъ паҳн намудани дониш, таҳкими фазои эътимоди мутақобила ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои камолоти шахс равона сохтани имкониятҳои зеҳни сунъӣ мебошад.

Ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба роҳандозии муколамаи ҷаҳонӣ роҷеъ ба масъалаҳои идоракунии зеҳни сунъӣ дастгирӣ ёфт.

Бо мақсади гузоштани саҳми амалӣ дар талошҳои ҷаҳонӣ барои таъсиси дафтари минтақавии Раёсати мубориза бо терроризми СММ дар қаламрави Ӯзбекистон изҳори омодагӣ карда шуд. Дафтари мазкур бобати роҳандозии фаъолияти шабакаҳои огоҳсозӣ дар бораи маводи дорои муҳтавои террористӣ ва таъмини корбарии онҳо, ошкор намудани ҳолатҳои маблағгузории терроризм, такмили ихтисоси касбии мутахассисон, инчунин, истифодаи самарабахши имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ин равандҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кумаки амалӣ мерасонад.

Инчунин, дар заминаи Маркази тамаддуни исломии Ӯзбекистон роҳандозӣ намудани барномаи байналмилалии «Дар даврони рақамӣ маърифат алайҳи ҷаҳолат» пешниҳод гардид. Офаридани захираҳои иттилоотии бисёрзабона, омодасозии арбобони дин барои фаъолият дар муҳити иттилоотӣ ва дастгирии муҳаққиқони ҷавоне, ки арзишҳои башардӯстонаи дини исломро тарғиб менамоянд, аз вазифаҳои асосии он хоҳанд буд.

Сарвари давлат дар анҷоми суханронӣ таъкид кард, ки ояндаи зеҳни сунъӣ на танҳо ба пешрафти технологӣ, балки ба мақсадҳои истифодаи он низ вобаста аст. Аз ин рӯ, на ба манбаи таҳдидҳо, балки ба воситаи пуриқтидори таъмини сулҳ, амният ва рушди инсон табдил додани технологияҳои нав, бояд ҳадафи муштараки ҳамагон бошад.