Ба ҳайати Олмон вакили Бундестаг, котиби давлатии парлумонии Вазорати федералии озуқаворӣ, кишоварзӣ ва ҳувияти минтақавии ин кишвар Мартина Энглхардт-Копф роҳбарӣ намуд. Ба ҳайат намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва илмии Олмон шомил буданд, хабар медиҳад агентии иттилоотии «Дунё».

Зимни музокироти вазири кишоварзии Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмонов бо ҳайати Олмон, ки бо иштироки сафири Олмон Маттиас Фоллерт баргузор гардид, масъалаҳои маблағгузории хоҷагиҳои фермерӣ, қарздиҳии соҳаи кишоварзӣ, идоракунии кооперативҳо, тавсеаи савдои маҳсулоти кишоварзӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Яке аз ташаббусҳои пешниҳодшуда таъсиси Маркази аграрии Олмон дар заминаи Маркази миллии дониш ва инноватсияҳои кишоварзӣ (AKIS), инчунин ташкили платформаи минтақавӣ барои табодули технологияҳои аграрӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар соҳаи маориф имкони таъсиси маркази таълимию амалӣ бо хоҷагии таҷрибавӣ дар заминаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи илмҳои амалии Вайнштефан-Триздорф баррасӣ шуд. Пешбинӣ мегардад, ки дар ин марказ фермаи дорои 200 сар чорвои калони шохдор ва қитъаи таҷрибавии замин бо масоҳати 50 гектар таъсис дода шавад.

Ҳамкориҳои илмӣ гузаронидани таҳқиқотро якҷо бо Институти Юлиус Кюн оид ба ҳифзи ҳосилхезии хок дар заминҳои шоликорӣ ва бо Донишгоҳи Хоэнхайм дар самти истифодаи технологияҳои сарфакунандаи об ва рақамӣ ҳангоми парвариши пахтаи нахаш дарозу маҳинро дар бар мегиранд.

Ҳайати Олмон ҳамчунин бо раиси Шӯрои фермерони Ӯзбекистон Актам Ҳаитов мулоқот намуд. Ҷонибҳо масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии хоҷагиҳои фермерӣ, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ва таҳкими робитаҳои илмию таълимиро баррасӣ карданд.

27 октябр дар Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд Форуми аграрию иқтисодии Ӯзбекистону Олмон баргузор гардид, ки дар он намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, донишгоҳҳо ва доираҳои соҳибкории ду кишвар иштирок намуданд.

Дар меҳвари таваҷҷуҳи форум масъалаҳои мутобиқ намудани соҳаи кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим, истифодаи самараноки захираҳои замину об, кишоварзии рақамӣ, навсозии соҳаи чорводорӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсоли шир ва рақамикунонии муайянсозии ҳайвонот қарор доштанд.

Ҳамчунин масъалаҳои истеҳсоли тухмиҳои хушсифат, зиёд намудани мини-лӯндаҳои солими картошка ва васеъ кардани бозорҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуданд.

Илова бар ин, ҳайати Олмон аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ оид ба омӯзиши муҳити зист ва тағйирёбии иқлим – «Green University» боздид карда, масъалаҳои таҳқиқоти муштарак дар соҳаи кишоварзии устувор, навовариҳои экологӣ ва табодули академиро мавриди муҳокима қарор дод.

Дар натиҷаи сафар ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро миёни муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, доираҳои соҳибкорӣ ва ташкилотҳои соҳавӣ фаъолтар намуда, татбиқи лоиҳаҳои муштаракро идома диҳанд.