Дар кори ҷаласа аъзои Кумитаи иҷроия – роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ӯзбекистон Анди Аранитаси, директори намояндагии Бонки осиёии рушд Канокпан Лао-Арайя, роҳбари минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) Нил Маккейн ва роҳбари Котиботи Шӯро Азиз Ғафуров иштирок намуданд.
Иштирокдорон ҳисоботи Котиботро оид ба натиҷаҳои фаъолияти 10 моҳи соли 2026 шуниданд. Дар он фаъолияти 10 гурӯҳи кории байниидоравӣ, пешбурди ташаббусҳои сармоягузорон, таъсиси Эътилофи минтақавии шӯроҳои сармоягузории Осиёи Марказӣ ва Қафқоз (RAIC-CAC), инчунин имзои ёддоштҳои ҳамкорӣ бо ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷамъомад қарор дар бораи ба ҳайати Шӯро қабул намудани аъзои нав – корпоратсияи ҷопонии «ITOCHU» ва «Deutsche Bank AG» қабул гардид. Ҳоло Шӯро беш аз 40 ширкат ва муассисаи молиявиро аз зиёда аз 15 кишвар муттаҳид менамояд.
Ҳамчунин нақшаи кории Шӯро то охири соли 2027 тасдиқ карда шуд. Мувофиқи он, баргузории тақрибан 70 ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ, нишастҳои мобайнии Шӯро рӯзҳои 25 ноябри соли 2026, 18 май ва 23 ноябри соли 2027, инчунин иҷлосияи панҷуми умумӣ рӯзҳои 14–16 июни соли 2027 пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, 9 апрели соли 2027 дар Тошканд ҷаласаи RAIC-CAC баргузор гардида, дар оғози соли 2027 муаррифии дурнамои сармоягузорӣ (Investment Outlook) доир мешавад.
16 декабри соли 2026 дар ҷаласаи ҷамъбастии солонаи Шӯро (FIC Year-end Session) ҳисоботи солонаи он оид ба натиҷаҳои фаъолияти соли 2026 муаррифӣ мегардад. Ба ҳисобот натиҷаҳои пурсиши умумимиллӣ, ки Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдо дар байни беш аз 1000 нафар барои муайян намудани таъсири сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти Ӯзбекистон гузаронида истодааст, ворид карда мешаванд.
Шӯро минбаъд низ ҳамчун минбари муколамаи ошкоро миёни давлат ва сармоягузорони хориҷӣ фаъолият намуда, ба беҳтарсозии шароити пешбурди соҳибкорӣ ва таҳкими эътимод ба муҳити сармоягузории Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард.