Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои амиқтар намудани ҳамкориҳоро дар самти такмили фазои сармоягузорӣ, рушди савдои хориҷӣ ва содирот, инчунин пешбурди ташаббусҳои муштарак баррасӣ карданд.

Ба масъалаҳои ҷалби маблағҳои грантӣ, ҳамкорӣ бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, татбиқи марҳалаи нави барномаи Aid for Trade, тавсеаи маблағгузории сабз ва дастгирии соҳибкории занон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии мутақобилаи худро барои таҳкими минбаъдаи шарикӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки ба рушди устувор ва фарогири иқтисодӣ нигаронида шудаанд, таъкид карданд.