Барои хизматҳои бузургаш дар рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстии ҷовидона ва ҳусни ҳамҷаворӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти пурсамар дар густариши муколамаи байнипарлумонӣ, тақвияти ҳамкории иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии минтақаҳои ду кишвар, ҳифзу ғанӣ гардондани мероси муштараки таърихӣ, арзишҳои маънавӣ ва анъанаҳо, инчунин саҳми арзандааш дар таҳкими риштаҳои бародарии халқҳои мо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ордени «Фидокорона хизматлари учун»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарфароз гардонда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. Мирзиёев