Барои хизматҳои шоёнаш дар рушд ва ба сатҳи нав
баровардани ҳамкории мутақобилаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба маориф, илм ва фарҳанг
(ICESCO), дастгирии фаъоли ташаббусҳои Ӯзбекистони Нав дар арсаи
байналмилалӣ, ки ба муаррифии таърихи бостонӣ, мероси ғании фарҳангии халқамон,
саҳми бебаҳои мутафаккирон ва олимони бузурги мо дар рушди тамаддуни исломӣ ва
илми ҷаҳонӣ равона шудаанд, инчунин барои фаъолияти намунавӣ дар таҳкими арзишҳои
дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод, рушди муколамаи байнифарҳангӣ ва тарбияи насли
ҷавон дар рӯҳияи накӯкорӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ Директори генералии Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба
маориф, илм ва фарҳанг (ICESCO) Салим бин Муҳаммад ал-Молик бо ордени «Дӯстлик»-и
Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарфароз гардонида шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш.
Мирзиёев