Сухан дар бораи навъи ушнаи Syntrichia caninervis меравад, ки намунаҳои он аз биёбони Гурбантунггут, воқеъ дар Вилояти Мухтори Шинҷону Уйғури шимолу ғарби Чин, ҷамъоварӣ шудаанд. Муҳаққиқон онро «устувортарин гиёҳи биёбонӣ, ки то имрӯз кашф шудааст», меноманд.

Дар ҷараёни озмоишҳои лабораторӣ ин ушна қобилияти барқароршавӣ пас аз аз даст додани то 98 фоизи намии ҳуҷайраҳо, яхбандӣ дар ҳарорати то −196 дараҷа ва таъсири миқдори зиёди шуоъҳои гаммаро нишон дод.

Ин гиёҳ инчунин аз озмоишҳо дар шароити микрогравитатсия ва таъсири радиатсияи кайҳонӣ дар киштии боркаши кайҳонии чинии «Цинчжоу» бомуваффақият гузашт. Дар мадор низоми идорашаванда ба намунаҳои хушкшуда миқдори ками об дод ва баъдан гиёҳҳо дубора зинда шуданд.

Дар ин бора хабаргузории Kazinform иттилоъ додааст.

— Ин аввалин ҳолатест, ки як гиёҳи том ба мадори пасти Замин интиқол дода шуда, сипас бомуваффақият дубора зинда карда шуд, — гуфтааст Ли Сяошуан, корманди илмии Институти экология ва ҷуғрофияи Шинҷони назди Академияи илмҳои Чин.

Ба гуфтаи муҳаққиқон, қобилияти нодири ин гиёҳ барои барқароршавӣ онро ба объекти ояндадори таҳқиқот дар соҳаи азхудкунии кайҳони амиқ табдил медиҳад.

Ҳамчунин, маводи генетикии Syntrichia caninervis метавонад дар оянда барои парвариши зироатҳои кишоварзии ба шароити номусоид тобовар ва пешгирии биёбоншавии заминҳо истифода шавад.