Мулоқот
дар фазои ошкоро ва дӯстона баргузор гардид. Ҷонибҳо рушди минбаъдаи шарикии
стратегии миёни Ӯзбекистон ва Чинро, ки ба сатҳи нав баромада, барои густариши ҳамкориҳои
дуҷониба имкониятҳои нав фароҳам меорад, баррасӣ карданд.
Ба
рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ ва
робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Ҳамчунин,
ҷонибҳо масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва таҳияи равишҳои муштарак барои ҳалли
масъалаҳои мубрами ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор доданд.
«Ба
ҷаноби Ван И барои суҳбати самимӣ ва пурмуҳтаво изҳори сипос менамоям», —
таъкид кард Саида Мирзиёева.