Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи
кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ӯзбекистону Чинро, ки тайи солҳои охир ба
шарофати муколамаи зич ва мунтазами роҳбарони ду кишвар пайваста таҳким
меёбанд, баррасӣ карданд. Ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи
хоса зоҳир гардид.
Саида Мирзиёева муҳим будани
дастгирии Чинро таъкид намуда, омодагии Ӯзбекистонро барои татбиқи муштараки
лоиҳаҳои мушаххас дар соҳаҳои нақлиёт, савдо, маориф ва фарҳанг изҳор кард.
«Мо дастгирии Чин ва омодагии
муштарак барои кор дар самти татбиқи лоиҳаҳои мушаххас дар соҳаҳои нақлиёт,
савдо, маориф ва фарҳангро қадр мекунем. Кишварҳои мо нақшаҳои муштараки зиёде
доранд ва муҳимтар аз ҳама — пайваста амалӣ намудани онҳо мебошад.
Ба ҷаноби Чжао Лэтсзи барои суҳбати
ошкоро ва пурмазмун изҳори сипос менамоям», — қайд кард Саида Мирзиёева.