Дар чорабинӣ беш аз 300 намояндаи бахши соҳибкорӣ иштирок карда, пешниҳодҳои худро баён намуданд ва дар бораи мушкилоте, ки ба рушди соҳибкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав монеъ мешаванд, маълумот доданд.
Мулоқот дар доираи иҷрои вазифаҳое баргузор шуд, ки Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев ҷиҳати рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани даромади аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ муайян кардааст.
Дар чорабинӣ соҳибкорони соҳаҳои саноати нассоҷӣ, дорусозӣ, сохтмон, хидматрасонӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо иштирок намуданд. Ҳамчунин, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони ташкилотҳои вилоятӣ ва ҳокимони шаҳру ноҳияҳо ҳузур доштанд.
Соҳибкорон оид ба пешбурд ва тавсеаи фаъолият, татбиқи лоиҳаҳои нав, маблағгузорӣ, инфрасохтор, ҷудо намудани қитъаҳои замин ва дигар масъалаҳо пешниҳодҳо манзур карда, муроҷиатҳои худро баён намуданд.
Ҳамаи муроҷиатҳо бо иштироки роҳбарони масъул баррасӣ шуданд. Масъалаҳое, ки омӯзиши иловагиро талаб намекарданд, дар ҷойи баргузории мулоқот ҳал карда шуданд. Барои баррасӣ ва ҳалли муроҷиатҳои дигар чораҳои мушаххас, муҳлатҳои иҷро ва шахсони масъул муайян гардиданд.
Ҳадафи асосии мулоқоти ошкоро бартараф намудани мушкилоти ба фаъолияти соҳибкорӣ монеъшаванда, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорон ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои татбиқи лоиҳаҳои нав мебошад.