Тавре ширкати телевизион ва радиои ABC хабар медиҳад, дар ин бора агентии иттилоотии Report иттилоъ додааст.
Маҳдудиятҳо аз соли 2027 мавриди амал қарор гирифта, хонандагони синфҳои омодагӣ то синфи дуюмро фаро мегиранд. Барои хонандагони синфҳои сеюм то шашум бошад, дар давоми шаш моҳ таҷрибаи озмоишии ҷорӣ намудани як рӯзи ҳафта бидуни истифодаи экранҳо гузаронида мешавад. Ин озмоиш дар 10 мактаби иёлат амалӣ хоҳад шуд. Барои кӯдакони дорои маъюбият ва ниёзҳои махсуси таълимӣ истисно пешбинӣ шудааст.
Мақомоти иёлат яке аз ҳадафҳои асосии ин иқдомро беҳтар намудани маҳорати дастнависии хонандагон арзёбӣ кардаанд. Аз ҷумла, барои хонандагони синфҳои сеюм ва чорум барномаи махсуси омӯзиши хатти дастӣ ҷорӣ карда мешавад.
Илова бар ин, мактабҳо тадриҷан аз таҷрибаи ба дарс овардани дастгоҳҳои шахсии хонандагон даст мекашанд. Ба ҷойи онҳо аз таҷҳизоти электронии худи мактабҳо истифода хоҳанд кард, ки ба низоми ҳифз ва назорати Вазорати маорифи иёлат пайваст мебошанд.