Дар китоб ислоҳоте, ки тайи даҳ соли охир таҳти роҳбарии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев амалӣ гардидаанд, равишҳои нави сиёсати хориҷии кишвар, инчунин дурнамои ҳамкориҳои дипломатӣ ба таври васеъ инъикос ёфтаанд, хабар медиҳад Агентии иттилоотии «Дунё».

Дар асар ба принсипҳои асосии сиёсати хориҷии Ӯзбекистони Нав — эътимоди мутақобила, муколамаи созанда, ҳамсоягии нек ва ҳамкориҳои судманд таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст.

Ҳамзамон, талошҳо барои таҳкими ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, рушди долонҳои нақлиётӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.

Нашри китоб маҳз ба забони арабӣ аз афзоиши таваҷҷуҳ дар Уммон ба роҳи муосири рушди Ӯзбекистон, ислоҳоти фарогире, ки дар кишвар амалӣ мешаванд, инчунин дидгоҳҳои сиёсии роҳбари давлати мо шаҳодат медиҳад.

Ин, аз як тараф, ифодаи эҳтиром ва эътирофи баланд ба унвони роҳбари Ӯзбекистон буда, аз ҷониби дигар, гувоҳи он аст, ки таҷрибаи ислоҳоти кишвари мо барои ҷомеаи Уммон ҷолиб буда, аҳаммияти хос дорад.