Мулоқот дар Маркази табодули байналмилалии шаҳри Шенҷен, ки макони асосии баргузории нишасти АТЭС мебошад, сурат гирифт. Он тақрибан 48 дақиқа давом кард.

Дар ин вохӯрӣ аз ҷониби Русия вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров, ёвари президент Юрий Ушаков, вазири молия Антон Силуанов ва роҳбари Фонди сармоягузориҳои мустақими Русия Кирилл Дмитриев иштирок карданд, хабар медиҳад ria.ru.

Қарор аст, рӯзи панҷшанбе нахустин мулоқоти роҳбарони Русия, Чин ва ИМА баргузор шавад. Ин вохӯрӣ дар қароргоҳи давлатии «Цилин Шанҷуан», ки ба ифтихори «якшохаи чинӣ» – рамзи дарозумрӣ ва фаровонҳолӣ номгузорӣ шудааст, доир мегардад.

Нишасти ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором (АТЭС) 18–19 ноябр дар шаҳри Шенҷени Чин баргузор мешавад. Дар ҳайати АТЭС ҳамагӣ 21 кишвари минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, аз ҷумла Русия, шомил мебошанд.