Тавре ки хабаргузории «Report» иттилоъ медиҳад, ин хабарро Вазорати корҳои хориҷии Чин тасдиқ кардааст.

«19 ноябр Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар шаҳри Шэнчжен бо Президенти Русия Владимир Путин ва Президенти ИМА Доналд Трамп мулоқот мекунад», — гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар.

Таъкид мегардад, ки мулоқот дар қолаби сеҷониба баргузор хоҳад шуд.

Қаблан Пекин баргузории чунин мулоқотро расман тасдиқ накарда буд. Хабаргузории Reuters бо истинод ба манбаъҳои худ навишта буд, ки Чин мухолифи баррасии низои Русияву Украина дар мулоқоти Путин ва Трамп бо иштироки Си Ҷинпин мебошад.