Ҳамраисикунандаи ҷаласа вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистон Лазиз Қудратов ва вазири савдо, саноат ва мусоидат ба сармоягузории Уммон Анвар бин Ҳилол Ал-Ҷабрӣ буданд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои афзоиши гардиши мутақобилаи савдо, омода намудани Созишнома оид ба тиҷорати имтиёзнок, бартараф кардани монеаҳои техникӣ ва содагардонии расмиёти гумрукӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин, рушди ширкати сармоягузории муштараки Ӯзбекистону Уммон ва ташаббусҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, саноат, геология, сохтмон, кишоварзӣ ва технологияҳои рақамӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба истифодаи бандарҳои Уммон барои баровардани маҳсулоти Ӯзбекистон ба бозорҳои нав, рушди инфрасохтори логистикӣ ва ҳамлу нақли бор тавассути ҳавопаймо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар натиҷаи ҷаласа Протокол ба имзо расид. Ҷаласаи навбатии Комиссия дар Ӯзбекистон баргузор хоҳад шуд.