Шаҳрванди Ӯзбекистон Э.Л. бо мақсади кор ба ҳайси ронандаи мошини боркаш ба Аврупо рафта буд. Ҳангоми сафари хизматӣ дар Фаронса вазъи саломатии ӯ ногаҳон бад шуда, дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Лилл бистарӣ гардид ва муддати тӯлонӣ таҳти табобат қарор дошт. Дар ин бора Агентии иттилоотии «Дунё» хабар медиҳад.
Дар тамоми давраи бистарӣ будани ӯ дипломатҳои Ӯзбекистон бо бемор, муассисаи тиббӣ ва наздиконаш робитаи доимӣ дошта, кумаки зарурӣ мерасонданд.
Бо дархости аҳли оила 13 ноябр ҳамватан ба Ӯзбекистон интиқол дода шуд. Пас аз расидан ба шаҳри Тошканд ӯро ба муассисаи тиббӣ ҷойгир карданд ва табобаташ дар ин ҷо идома хоҳад ёфт.
Сафорати Ӯзбекистон дар Фаронса барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони кишвар дар хориҷ, аз ҷумла расонидани ёрии консуливу ҳуқуқӣ ба шахсоне, ки ба вазъияти душвор гирифтор мешаванд, фаъолияти худро идома медиҳад.
Намояндагии дипломатӣ ба ширкати ҳавопаймоии «Uzbekistan Airways» ва намояндагии он дар Париж барои мусоидати саривақтӣ дар бозгардонидани шаҳрванд ба Ватан изҳори сипоси махсус намуд.