Тавре Report бо истинод ба BFMTV хабар медиҳад, дар ин бора вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Лоран Нунес зимни нишасти матбуотӣ изҳор доштааст.
«Имрӯз мо бори дигар бо сатҳи фавқулода баланди хушунат рӯ ба рӯ шудем. Шумораи боздоштшудагон аллакай ба 1 ҳазор нафар наздик мешавад», — гуфтааст вазир.
Ба гуфтаи ӯ, ин рақам нисбат ба 17 октябр хеле зиёд аст. Он рӯз дар бисёре аз шаҳрҳои кишвар эътирозҳо ба бетартибиҳо ва ғоратгарӣ табдил ёфта буданд.
Вазир эътироф кардааст, ки имрӯз низ баъзе мағозаҳо ҳадафи харобкорӣ ва ғоратгарӣ қарор гирифтаанд. Бо вуҷуди ин, шумораи чунин ҳолатҳо «хеле маҳдуд» буда, «бо ҳодисаҳои ҳафтаи гузашта қобили муқоиса нест».
Ҳамзамон, Нунес таъкид кардааст, ки ҳоло танҳо маълумоти пешакӣ дар ихтиёр дорад. Ӯ ёдовар шудааст, ки рӯзи шанбеи гузашта дар ҳамин вақти рӯз дар бораи осеб дидани 300 мағоза хабар дода шуда буд, аммо то нисфирӯзии рӯзи дигар шумораи онҳо аллакай ба 3 ҳазор расидааст.
«Имшаб вазъият, бешубҳа, комилан дигар аст ва албатта, ин боиси хушҳолист. Барои ин ба нерӯҳои амнияти дохилӣ изҳори сипос мекунам», — хулоса кардааст ӯ.
Рӯзи шанбе, 24 октябр, дар саросари Фаронса бо иштироки иттифоқҳои касаба ва ҳаракатҳои донишҷӯён намоишҳои оммавӣ баргузор шуданд. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар ин чорабиниҳо 410 ҳазор нафар иштирок кардаанд. Аммо иттифоқи касабаи CGT шумораи иштирокчиёнро 800 ҳазор нафар арзёбӣ мекунад.