«Тошканди Нав», ки сохтмони он се сол пеш оғоз ёфтааст, бузургтарин лоиҳаи шаҳрсозӣ дар таърихи кишвари мо ба шумор меравад. Дар марҳалаи аввали бунёди ин шаҳр, ки бо ҳадафи фароҳам овардани муҳити бехатар ва сабз амалӣ мешавад, татбиқи лоиҳаҳо ба маблағи 50 миллиард доллар пешбинӣ гардидааст. Ҳамаи онҳо бо дарназардошти роҳҳалҳои муосири технологӣ таҳия шудаанд.

Дар шаҳр бунёди 2 ҳазор гектар минтақаҳои сабз ва 500 гектар боғҳо дар назар аст. Мувофиқи меъёрҳои «сохтмони сабз» дар ин ҷо 150 миллион метри мураббаъ иншооти истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ сохта мешавад.

То имрӯз дар «Тошканди Нав» корҳои сохтмонӣ ба маблағи 2 миллиард доллар анҷом дода шудаанд. Дар ин муддат биноҳои истиқоматӣ, донишгоҳҳо, китобхона ва амфитеатр бунёд гардиданд. Дар маросими имрӯза ҳафт иншоот бо арзиши умумии 1 миллиард доллар ба истифода супорида шуд.

Ба иншооти мазкур марҳалаи аввали маҷмааи истиқоматии «Шарқ баҳори», роҳҳо ва иншооти инфрасохторӣ, зеристгоҳи барқии №1 «Янги Тошкент», неругоҳи тригенератсионӣ, бинои Палатаи савдо ва саноат, боғи «Соҳил боғи» ва мактаби таҳсилоти умумӣ барои 2 ҳазор хонанда дохил мешаванд.

Неругоҳи тригенератсионӣ бо иштироки ширкати туркии «MIMSAN» ва ҷалби 73 миллион доллар сармоягузорӣ сохта шудааст. Он имкон медиҳад, ки 100 ҳазор хоҷагии хонаводагӣ бо гармидиҳӣ ва хунуккунии марказонидашуда таъмин гардида, ҳамзамон неруи барқ истеҳсол карда шавад. Арзиши лоиҳаи сохтмони зеристгоҳ ва хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ, ки дар ҳамкорӣ бо ширкати чинии «Haocheng Industry Group Limited» амалӣ шудааст, 95 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, 18 километр роҳҳои автомобилгард сохта шуда, 13 километр шабакаҳои канализатсия ва 4,5 километр шабакаҳои оби нӯшокӣ кашида шудаанд. Дар соҳили 10-километраи ҳудуди боғи «Соҳил боғи» роҳравҳо ва пайроҳаҳои велосипедронӣ бунёд гардидаанд. Дар марҳалаи аввали сохтмони маҷмааи истиқоматии «Шарқ баҳори» тақрибан 7 ҳазор манзил сохта шудааст.

Дар маросим бо иштироки шарикон аз Чин, Туркия, Амороти Муттаҳидаи Араб ва дигар кишварҳо ба сохтмони боз 10 лоиҳаи бузург бо арзиши умумии 2,5 миллиард доллар оғоз бахшида шуд.

Яке аз онҳо минтақаи саноатии «Deep Tech Park» мебошад, ки ба истеҳсоли маҳсулоти баландтехнологӣ ва нимноқилҳо махсус гардонида мешавад. Барои бунёди он 320 миллион доллар сармоягузорӣ равона мегардад. Дар оянда дар ин минтақа татбиқи лоиҳаҳо ба маблағи умумии 1,7 миллиард доллар пешбинӣ шудааст.

Бо иштироки ширкати финландии «MariMatic» лоиҳаи ҷамъоварии партовҳо ва истеҳсоли неруи барқи «сабз» аз онҳо амалӣ карда мешавад. Илова бар ин, дар боми биноҳои бисёрошёна насби системаҳои фотоэлектрикӣ бо иқтидори умумии 20 мегаватт ба нақша гирифта шудааст.

Барои пайваст намудани «Тошканди Нав» ба пойтахт дар қитъаи байни кӯчаи Темур Малик ва роҳи автомобилгарди 4R12 пул, гузаргоҳи нақлиётӣ ва роҳи автомобилгарди 10-километра сохта мешаванд. Лоиҳаи дигари нав бунёди таваққуфгоҳи зеризаминиро дар бар мегирад, ки бо истгоҳҳои метро пайваст хоҳад шуд.

Дар маркази тиҷоратии «Metropolis», ки масоҳати умумии он беш аз 818 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, биноҳои корӣ, меҳмонхона, иншооти истиқоматӣ ва марказҳои хизматрасонӣ ҷойгир карда мешаванд. Аз масоҳати умумии маҷмаа 500 ҳазор метри мураббаъ ба инфрасохтори тиҷоратӣ ва корӣ ҷудо мегардад. Дар ин ҷо барои бо ҷойи кор таъмин намудани 1,5 ҳазор нафар шароит фароҳам оварда мешавад.

Ҳамчунин, маҷмааҳои истиқоматии «Silk City», «Мавж» ва «Маржон», инчунин беморхонаи марказии «Тошканди нав» бо иқтидори 120 кат сохта мешаванд.

Роҳбари давлат таъкид кард, ки татбиқи ин лоиҳаҳо ба ташаккули «Тошканди Нав» ҳамчун маркази тиҷорат, сайёҳӣ ва фарҳанг мусоидат хоҳад кард. Ӯ ба сохтмончиён, муҳандисон, лоиҳакашон ва шарикони хориҷӣ, ки дар бунёди шаҳр саҳм мегузоранд, изҳори сипос намуд.