Зимни сафари се
сол қабл ба ин минтақа Сарвари давлат оид ба навсозии фурудгоҳ супоришҳо дода
буд. Ӯ ҳамчунин ҳангоми сафари соли гузашта шахсан бо рафти бозсозии он шинос
шуда буд.
Фурудгоҳ соли
1978 ба истифода дода шуда, соли 2013 мақоми байналмилалӣ гирифт. Дар ин
иншоот, ки масоҳати умумии он 243,4 гектарро ташкил медиҳад, 100 нафар корманд
фаъолият мекунанд. Бо гузашти вақт зарурати мутобиқ намудани фурудгоҳ ба
талаботи муосир, баланд бардоштани сатҳи роҳатии мусофирон ва васеъ намудани
ҷуғрофияи парвозҳо ба миён омад.
Арзиши умумии лоиҳаи бозсозии маҷмааи аэродромӣ 1,1
триллион сӯмро ташкил медиҳад. Дар марҳилаи аввал инфрасохтори фурудгоҳ пурра
навсозӣ гардид. Дарозии хатти парвозу нишаст то 3,3 километр расонида шуда,
инчунин хатти нави парвозу нишаст бо паҳнои 60 метр, ки ба категорияи 4E
мутобиқ аст, сохта шуд. Илова бар ин, роҳҳои ҳаракати ҳавопаймоҳо ва
таваққуфгоҳҳо барои 10 ҳавопаймо муҷаҳҳаз гардиданд.
Ба сифати сохтмон ва таъмини муҳлати дарози истифодаи
иншоот таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Дар хатти парвозу нишаст рӯйпӯши
мустаҳками бетони сементӣ гузошта шудааст, ки барои муҳлати истифодаи то 50 сол
пешбинӣ шудааст. Системаи дақиқи чароғҳои роҳнамоии истеҳсоли Олмон насб
гардидааст. Ин имкон медиҳад, ки фурудгоҳ ҳавопаймоҳоро шабона ва дар шароити
тумани ғафс бехатар қабул кунад. Ҳатто ҳангоми то 300 метр коҳиш ёфтани сатҳи
намоёнӣ фуруд омадани ҳавопаймоҳо имконпазир аст. Акнун фурудгоҳ метавонад
бидуни маҳдудият ҳавопаймоҳои калони васеъфюзеляжиро қабул намояд.
Ҳоло марҳилаи
дуюми бозсозӣ идома дорад. Дар доираи он бинои муосири терминали дуошёна бо
масоҳати умумии 19 685 метри мураббаъ сохта мешавад. Агар қаблан фурудгоҳ дар
як соат то 200 мусофирро қабул мекард, пас аз ба истифода додани терминали нав
ин нишондиҳанда панҷ баробар афзоиш хоҳад ёфт. Дар ҳудуди фурудгоҳ фаъолияти
шабакаи баландсуръати Wi-Fi ва хизматрасониҳои интеллектуалӣ ба роҳ монда
мешавад.
Ба Сарвари давлат
консепсияи рушди фурудгоҳ пешниҳод гардид. Президент ба масъулон оид ба сари
вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани сохтмони бинои муосири терминал
супоришҳо дод.
Айни замон
тавассути фурудгоҳи байналмилалии Андиҷон парвозҳои мунтазами ҳафт ширкати
ҳавопаймоӣ дар самтҳои дохилӣ ва байналмилалӣ анҷом дода мешаванд. Дар оянда ба
нақша гирифта шудааст, ки шумораи парвозҳо аз 808 то 2 500 парвоз дар як сол ва
иқтидори гузаронидани мусофирон то 3,5 миллион нафар дар як сол расонида шавад.
Зикр гардид, ки
корҳои анҷомдодашаванда ба беҳтар намудани дастрасии нақлиётӣ барои сокинони
Андиҷон ва меҳмонони вилоят, инчунин татбиқи иқтидори иқтисодӣ ва сайёҳии
минтақа мусоидат хоҳанд кард. Ба масъулон оид ба рушди иншооти муосири
хизматрасонии назди фурудгоҳ ва баланд бардоштани сифати
хизматрасониҳо супоришҳо дода шуданд.