Дар доираи татбиқи қарор аз 13 марти соли ҷорӣ, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа нигаронида шудааст, кластер корхонаи истеҳсол ва рангубори матоъро таъсис дод. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи арзишаш 54 миллион доллар хатҳои истеҳсолӣ бо иқтидори умумии солонаи 20 ҳазор тонна матоъ ба кор андохта шуданд. Дар корхона 840 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст.
Дар корхона ба кам кардани истеъмоли об ва захираҳои энергетикӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Низоми гардиши такрории об, ки барои бунёди он 3 миллион доллар сарф шудааст, имкон медиҳад беш аз 95 фоизи оби дар раванди истеҳсолот истифодашуда тоза ва дубора ба кор бурда шавад. Ба шарофати ин низом ҳамасола 1,1 миллион метри мукааб об сарфа мегардад.
Барои таъмини корхона бо неруи барқи бефосила генератори газӣ насб шудааст. Дар бом ва деворҳои бино панелҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 3,5 мегаватт ҷойгир карда шудаанд. Татбиқи ин технологияҳо имкон медиҳад, ки хароҷоти неруи барқ, оби гарм ва буғ кам гардида, арзиши аслии маҳсулот поин бурда шавад.
Дар оянда кластери «Sulton Tex Group» нақша дорад дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ лоиҳаи дигареро ба маблағи 70 миллион доллар амалӣ намуда, 3 570 ҷойи корӣ таъсис диҳад. Ҳамчунин, дар дигар ноҳияҳои вилоят татбиқи лоиҳаҳо ба маблағи умумии 17 миллион доллар пешбинӣ шудааст, ки дар натиҷаи он боз 1 220 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.
Сарвари давлат бо раванди технологии истеҳсолот ва намоишгоҳи маҳсулоти корхона шинос гардид. Ӯ таъкид кард, ки технологияҳои сарфакунандаи захираҳои дар ин ҷо ҷоришуда бояд барои дигар корхонаҳои нассоҷӣ намуна бошанд.
Корманди корхона Дилором Холиева зимни суҳбат бо Президент аз фаъолияти худ ва шароити фароҳамовардашуда изҳори қаноатмандӣ карда, барои дастгирӣ миннатдорӣ баён намуд.
– Агар инсон меҳнат кунад, ҳатман ба натиҷа мерасад. Ба шарофати соҳибкорони насли нав мо имрӯз ба сатҳи тамоман нав мебароем. Онҳо на танҳо занҷираҳои арзиши иловашударо ташкил медиҳанд, балки бо ҷорӣ намудани технологияҳои сабз ғамхорӣ нисбат ба муҳити зистро низ нишон медиҳанд, – таъкид кард Президент.