Дар мамлакат бо роҳи васеъ намудани моҳипарварии интенсивӣ вазифа гузошта шудааст, ки ҳар сол 1 миллион тонна моҳӣ парвариш карда шавад. Дар муаррифӣ нақшаҳои истифодаи имкониятҳои чоҳҳои амудии мелиоративӣ барои ноил шудан ба ин мақсад дар мисоли ноҳияи Балиқчӣ баррасӣ гардиданд.
Дар атрофи 24 чоҳи ҳудуди ноҳия таъсиси маҷмааҳои моҳипарварии интенсивӣ ба нақша гирифта шудааст, ки тамоми марҳилаҳоро аз таъмини моҳича ва озуқа то парвариш, коркард, нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулот фаро мегиранд. Дар доираи ҳар як лоиҳа, ки дар масоҳати 50 хол татбиқ хоҳад шуд, ҳамасола парвариши на кам аз 30 тонна гулмоҳӣ, таъсиси 10 ҷойи корӣ дар назар аст.
Барои идоракунии лоиҳаҳо дар низоми ягона таъсис додани холдинги моҳипарварӣ пешниҳод гардид.
Бо мақсади татбиқсозии таҷрибаи Балиқчӣ дар дигар минтақаҳо супориш шуд, ки то 1 марти соли 2027 беш аз 4 ҳазор чоҳи амудии мелиоративии ҷумҳурӣ ба рӯйхат гирифта шаванд. Дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба идоракунии соҳибкорони пешқадам тақдим гардидани чоҳҳои барои парвариши моҳӣ мувофиқ дар назар аст. Инчунин, роҷеъ ба нақшаҳои парвариш ва коркарди моҳии обҳои сард дар Хонобод ва татбиқсозии лоиҳаҳои моҳипарварӣ дар заминаи обанборҳои ноҳияи Улуғнор маълумот пешниҳод гардид.
Қисми дуюми тақдимот ба рушди лимӯпарварӣ дар мисоли ноҳияи Балиқчӣ бахшида шуд. Дар 100 гектар замини атрофи нӯҳ маҳалла бунёд кардани гармхонаҳои каммасрафи энергия ва дар шакли омода ба соҳибкорон пешниҳод намудани онҳо ба нақша гирифта шудааст. Корҳои парвариш, интихоб, коркард, бастабандӣ, нигоҳдорӣ ва фурӯши лимӯ дар доираи занҷираи ягонаи кооператсионӣ роҳандозӣ мешавад.
Ба масъалаи ҷалби оилаҳои бекор ва камбизоат ба татбиқсозии лоиҳа диққати махсус дода шуд. Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ, дар 500 гармхона на кам аз ҳазор нафар аз сокинони маҳаллӣ бо кор таъмин мешаванд. То ба ҳосил даромадани ниҳолҳои лимӯ, аз ҳисоби парвариши зироатҳо дар байни қаторҳо метавон даромади иловагӣ ба даст овард.
Соли оянда ҷамъ дар 200 гектар майдони минтақаҳо дар асоси таҷрибаи Балиқчӣ барои оилаҳои камбизоат ва бекорон бунёди маҷмааҳои гармхонаҳои каммасрафи энергия ба нақша гирифта шудааст. Ин иқдом ба зиёд кардани даромади 2 ҳазор оила мусоидат хоҳад кард.
Дар анҷоми муаррифӣ Сарвари давлат ба масъулон супориш дод, ки ҷиҳати дастгирии молиявии ин лоиҳаҳо, ки ба коҳиши камбизоатӣ нигаронида шудаанд, инчунин ҷуброн намудани хароҷоти омӯзонидани аҳолӣ ба моҳипарварӣ ва лимӯпарварӣ чораҳои зарурӣ андешанд.