Ҳадафи то соли 2030 дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ таъсис додани 300 ҳазор ҷойи кор аллакай дар соли ҷорӣ амалӣ гардид. Акнун дар назди соҳа вазифа гузошта мешавад, ки аз ҳисоби рушди самтҳои нави иқтисоди рақамӣ то соли 2030 боз 500 ҳазор ҷойи кор таъсис дода шавад.

Барои ин ташаккули экосистемаи ягонаи таълими рақамие зарур аст, ки тамоми марҳилаҳо – аз таълими ҷавонон то тасдиқи малакаҳои касбӣ ва бо кор таъмин намудани онҳоро фаро гирад. Дар муаррифӣ равишҳои то соли 2030 дар шаклҳои анъанавӣ ва фосилавӣ ба таълим фаро гирифтани 5,5 миллион ҷавон баррасӣ шуданд.

Густариш додани доираи лоиҳаҳои «Ворисони Ал-Хоразмӣ» ва «Панҷ миллион пешоҳанги зеҳни сунъӣ» барои донишомӯзони мактабҳо, ба ҳам овардани имкониятҳои муассисаҳои таълими олӣ ва марказҳои хусусии таълимӣ пешбинӣ мегардад.

Сарвари давлат вазифа гузошт, ки ҳар сол дар самтҳои робототехника, офаридани бозиҳои компютерӣ, стартапҳо ва дигар соҳаҳои ояндадор бозомӯзии як миллион ҷавон роҳандозӣ шавад. Дар ин раванд ташаккули ҳайати тренерони миллӣ, зудтар ба кор даровардани платформаҳои таълими онлайнӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати рақамӣ, рушди таҳқиқоти илмӣ ва дар амал васеъ ҷорӣ намудани натиҷаҳои онҳо муҳим арзёбӣ гардид.

Дар тақдимот масъалаҳои мутобиқсозии сатҳи тахассуси кадрҳои дар муассисаҳои таълими олӣ омодашаванда ба технологияҳои нав ва тағйироти бозори меҳнат низ баррасӣ гардиданд. Рушди таълим дар самтҳои зеҳни сунъӣ, тарҳрезии микросхемаҳо, технологияҳои бесарнишин ва офаридани бозиҳои компютерӣ, тавсеаи иштироки донишҷӯён дар лоиҳаҳои амалӣ пешниҳод гардид.

Инчунин, масъалаҳои баланд бардоштани дониши омӯзгорони информатика дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва сертификатсияи онҳо, инчунин васеъ намудани имкониятҳои истифодаи курсҳои байналмилалии таълими рақамӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ муҳокима шуданд. Пешниҳодҳо бобати таъсиси марказҳои омодасозии барномасозони iOS дар асоси таҷрибаи Фарғона ва омодасозии менторон барои марказҳои хусусии таълимӣ писандида шуданд.

Ба ҳамоҳангсозии таҳқиқоту коркардҳои илмӣ бо раванди таълим низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Бахусус, ҷиҳати омодасозии мутахассисон дар самтҳои системаҳое, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ насб шудаанд, микроэлектроника ва интернети ашё, инчунин дастгирии фаъолияти озмоишгоҳҳои таҳқиқотӣ ва коркардҳои муҳандисӣ пешниҳодҳо баён шуданд.

Барои дар асоси донишҳои андӯхта худ дар бозори меҳнат ҷойгоҳи муносиб пайдо кардани ҷавонон, нақшаҳои рушди платформаи «Ҷавонони рақамӣ» низ баррасӣ гардиданд. Дар он ҷамъоварии маълумот дар бораи таълим, малакаҳо, сатҳи донистани забон ва сертификатҳо, пешниҳоди ҷойҳои мувофиқи корӣ ба ҷавонон, инчунин, пайгирии вазъи таъмини шуғли онҳо дар назар аст.

Зарурати ҷалби васеи ширкатҳои ҷаҳонии технологӣ ба соҳаи таълими рақамӣ таъкид гардид. Соли гузашта дар ин самт 22 миллион доллар грант ҷалб шудааст. Супориш дода шуд, ки тавассути ҳамкории бонизом ин нишондиҳандаро то охири соли ҷорӣ ба 60 миллион доллар ва то соли 2030 ба 100 миллион доллар дар як сол расонанд.

Ба таълими рақамӣ равона кардани нисфи маблағҳои грантии дар соли ҷорӣ ҷалбшаванда, инчунин, ба барномаҳои такмили ихтисос, таъсиси марказҳои таълими рақамӣ дар минтақаҳои дурдаст, бо таҷҳизоти муосир барои бозомӯзии зеҳни сунъӣ, робототехника ва барномасозӣ таъмин кардани ин марказҳо сарф кардани қисми боқимонда муайян гардид.

Президенти кишвар таъкид кард, ки дар таълими рақамӣ якҷо бо фарогирӣ, сифати таълим ва таъсири он ба шуғли аҳолӣ низ бояд меъёри асосӣ бошад. Ба масъулон аз рӯйи расидан ба ҳадафҳои муайяншуда тавассути барномаҳои мушаххас, тавсеаи имкониятҳо дар минтақаҳо ва тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва шарикони байналмилалӣ супоришҳо дода шуданд.

Инчунин, дар бораи рафти корҳои ба роҳ мондани фаъолияти Маркази байналмилалии технологияҳои рақамӣ маълумот пешниҳод гардид.