Мутобиқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 12 октябри соли 2024, №668, ташкил ва баргузории сафари зиёрати «Умра» танҳо дар сурати доштани иҷозатномаи махсус иҷозат дода мешавад. Ин талабот ба таъмини амнияти зоирон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо ва пешниҳоди хидматрасониҳои босифат равона шудааст.

Бо вуҷуди ин, ҳолатҳои ташкили чунин сафарҳо бо сарфи назар аз тартиби муқарраршуда ҳанӯз ҳам ошкор мегарданд.

Ҳодисаи аввал дар шаҳри Самарқанд ба қайд гирифта шудааст. Корманди як ширкати сайёҳӣ, ки ба сайёҳии дохилӣ тахассус дорад, ба се нафар шаҳрванд пешниҳод кардааст, ки бе доштани иҷозатномаи дахлдор ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ сафари зиёрати «Умра»-ро ташкил намояд. Ӯ барои хидматрасонии худ аз ҳар як нафар 1 200 доллар, дар маҷмӯъ 3 600 доллар талаб кардааст.

Дар ҷараёни амалиёти муштараки фаврии кормандони Раёсати Хадамоти амнияти давлатӣ дар вилояти Самарқанд ва Раёсати корҳои дохилии вилоят марди мазкур ҳангоми гирифтани маблағ бо далели шайъӣ боздошт гардид.

Ҳодисаи дуюм дар шаҳри Гулистон ошкор шудааст. Марди соли таваллудаш 1974 барои ғайриқонунӣ ташкил кардани сафари се нафар шаҳрванд ба Арабистони Саудӣ ҷиҳати анҷом додани зиёрати «Умра» тавассути як ширкати сайёҳии дар шаҳри Тошканд фаъолияткунанда 3 300 доллар ва 1,2 миллион сӯм гирифтааст.

Ӯ ҳангоми гирифтани маблағ аз ҷониби кормандони Раёсати Хадамоти амнияти давлатӣ дар вилояти Сирдарё дар ҳамкорӣ бо Раёсати вилоятии Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ боздошт шудааст.

Аз рӯйи ҳар ду ҳолат парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд. Айни замон амалҳои тафтишотӣ идома доранд.