Дар ин рӯйхат Ҳиндустон бо тақрибан 1 миллиарду 480 миллион нафар аҳолӣ дар ҷойи аввал қарор дорад. Чин бо 1 миллиарду 410 миллион нафар дар мақоми дуюм аст. Ҳиссаи ин ду кишвари Осиё тақрибан 35 фоизи аҳолии сайёраро ташкил медиҳад.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо тақрибан 349 миллион нафар аҳолӣ ҷойи сеюмро ишғол мекунад. Баъдан Индонезия бо 288 миллион ва Покистон бо 260 миллион нафар қарор доранд.

Нигерия, ки сераҳолитарин кишвари қитъаи Африқо ба шумор меравад, бо тақрибан 243 миллион нафар дар ҷойи шашум аст. Рӯйхатро Бразилия бо 213 миллион нафар аҳолӣ ҷамъбаст мекунад.

Тавре аз инфографика бармеояд, дар маҷмӯъ, ба ин ҳафт кишвар тақрибан 51,2 фоизи аҳолии ҷаҳон рост меояд.

Дар гузориши «Digital 2026 Global Overview Report», ки бо истифода аз арзёбиҳои СММ таҳия шудааст, шумораи аҳолии ҷаҳон дар моҳи октябри соли гузашта тақрибан 8,25 миллиард нафар арзёбӣ гардидааст. Ҳамчунин, дар гузориш таъкид мешавад, ки Ҳиндустон аз Чин пеш гузашта, ба сераҳолитарин кишвари ҷаҳон табдил ёфтааст.

Равандҳои демографӣ дар ин ҳафт кишвар аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Аҳолии Ҳиндустон, Покистон ва Нигерия афзоиш ёфта истодааст, дар ҳоле ки дар Чин коҳиши шумораи аҳолӣ ба мушоҳида мерасад.

Тибқи арзёбии «DataReportal», дар 12 моҳи то моҳи октябри соли 2025 шумораи аҳолии Чин тақрибан 3 миллиону 250 ҳазор нафар кам шуда, аҳолии Ҳиндустон қариб 12 миллиону 900 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.

Ин маълумот нобаробарии тақсимоти аҳолиро дар сайёра ба таври возеҳ нишон медиҳад: ҳамагӣ дар ҳафт кишвар назар ба ҳамаи давлатҳои боқимондаи ҷаҳон якҷоя бештар одамон зиндагӣ мекунанд, хабар медиҳад сомонаи naked-science.ru.