Ташкилкунандагони чорабинӣ Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон (ӮзА) ва Агентии иттилоотии Русия — ТАСС мебошанд, хабар медиҳад Агентии иттилоотии «Дунё».

Дар маросими ифтитоҳ ва ҷаласаҳои корӣ роҳбарони вазорату идораҳои соҳавии ду кишвар, инчунин топ-менеҷерони беш аз 50 ширкати пешсафи расонаӣ иштирок мекунанд.

Дар байни иштирокдорон намояндагони Ширкати давлатии телевизион ва радиои умумирусиягӣ (ВГТРК), Шабакаи якум, «Всемирная сеть», НТВ, Ширкати байнидавлатии телевизион ва радиои «Мир», RT, ТАСС, «Газпром-Медиа Холдинг», VK ва «Яндекс» ҳузур доранд.

Ӯзбекистонро низ намояндагони пешсафи воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ҷомеаи коршиносон ва муассисаҳои таҳсилоти олии соҳавӣ намояндагӣ мекунанд.

Ҳадафи асосии форум таҳкими робитаҳои касбӣ дар шароити тағйирёбии фазои иттилоотӣ, офаридани контенти рақобатпазири миллӣ ва роҳандозии лоиҳаҳои муштараки ояндадор мебошад.

Интизор меравад, ки чорабинӣ ба минбари муассир барои муколамаи ошкоро миёни ҷомеаҳои расонаии ду кишвар ва табодули таҷрибаи касбӣ табдил ёбад.