Дар маросими ифтитоҳи форум паёми Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба иштирокдорони чорабинӣ қироат карда шуд. Дар ин бора котиби матбуоти Президент Шерзод Асадов хабар дод.
Дар паёми табрикии роҳбари давлат таҳкими эътимоди мутақобила, ҳамсоягии нек ва шарикӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид шудааст. Зикр гардид, ки сарвати асосии минтақае, ки ҳудуди 85 миллион нафар аҳолӣ дорад, насли ҷавонест, ки барои аз худ кардани дониш талош меварзад.
«Роҳи муассиртарини табдил додани ин иқтидори бузурги демографӣ ба неруи пурқудрати зеҳнӣ — таълиму тарбияи босифат ва муосир мебошад», — омадааст дар паём.
Президенти кишвари мо таъкид кардааст, ки ислоҳоти соҳаи маориф дар Ӯзбекистон ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Ба наздикӣ идоракунии соҳаҳои таҳсилоти томактабӣ, мактабӣ, касбӣ ва олӣ, инчунин илм дар низоми ягона муттаҳид карда шуд. Ҳадаф аз ин иқдом таъмини пайдарпайӣ ва ҳамбастагии тамоми зинаҳои таълим — аз гирифтани донишҳои аввалини кӯдак то ташаккули мутахассиси соҳибихтисос ва олим мебошад.
Таъкид шудааст, ки низоми маориф бояд ҷавононро ба тафаккури мустақилона, эҷодкорӣ ва омӯзиши пайваста дар тамоми умр омода созад. Баланд бардоштани мақоми омӯзгорону мураббиён, таҳкими ҳамкории мактаб, техникум, донишгоҳ ва корхонаҳои истеҳсолӣ, инчунин васеъ намудани имкониятҳои таълимӣ барои духтарон, кӯдакони минтақаҳои дурдаст ва ҷавонони дорои ниёзҳои махсуси таълимӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим номбар шудаанд.
Роҳбари давлати мо изҳори итминон кардааст, ки дар доираи форум пешниҳодҳои амалӣ барои расидан ба ҳадафи стратегӣ — ба фазои ягонаи зеҳнӣ табдил додани Осиёи Марказӣ, ки маориф, технологияҳои пешрафта ва навовариро ба ҳам мепайвандад, пешниҳод хоҳанд шуд.