Ташкилоти байналмилалии ғайритиҷоратӣ, ки соли 2014 таъсис ёфтааст, 29 кишварро муттаҳид намуда, ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи дипломатияи ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ мусоидат мекунад, хабар медиҳад Агентии иттилоотии «Дунё».

Дар кори Ассамблея муовини директори Маркази таҳқиқоти сиёсати хориҷӣ ва ташаббусҳои байналмилалии назди Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон Валидҷон Ҳошимов иштирок намуд.

Масъалаи шомил шудани Ӯзбекистон ба узвияти комилҳуқуқи «GPDNet» бо талошҳои муштараки Сафорати Ӯзбекистон дар Қатар ва Маркази мазкур ба рӯзномаи Анҷуман ворид карда шуд. Дар натиҷаи овоздиҳӣ намояндагони ҳамаи кишварҳои узви шабака якдилона ба шомил шудани ҷумҳурӣ ба ин созмон ҷонибдорӣ карданд.

Зимни чорабинӣ ҷониби Ӯзбекистон афзалиятҳои сиёсати хориҷии кишвар, вазифаҳои асосӣ дар соҳаи дипломатияи ҷамъиятӣ, инчунин лоиҳаҳо ва ташаббусҳои байналмилалии Марказро муаррифӣ намуд.

Муаррифӣ таваҷҷуҳи зиёди иштирокдорони Анҷуманро ба худ ҷалб кард. Намояндагони кишварҳои гуногун барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни Марказ ва муассисаҳои соҳавии кишварҳои узви «GPDNet», инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Узвияти комилҳуқуқ дар ин шабака ба Ӯзбекистон имкон медиҳад, ки иштироки худро дар дипломатияи ҷамъиятии байналмилалӣ густариш дода, ташаббусҳои миллиро дар арсаи ҷаҳонӣ пеш барад ва робитаҳои институтсионалии Марказро бо шарикони хориҷӣ тақвият бахшад.