Ҳайатҳои ду кишварро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳромҷон Аълоев ва муовини вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Баҳрайн Абдулло бин Аҳмад Ол Халифа роҳбарӣ карданд.
Зимни музокирот масъалаҳои таҳкими муколамаи сиёсӣ байни ду кишвар, рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию башардӯстона, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами
байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкори муфассал анҷом доданд, хабар медиҳад
хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.