Тавре дар хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ хабар
доданд, зимни мулоқот натиҷаҳои даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои
корҳои хориҷии ду кишвар мавриди истиқбол қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки шарикии ҳамаҷонибаи стратегии миёни Ӯзбекистон
ва Туркия дар тамоми самтҳо босуръат рушд мекунад.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи
байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуда, рӯзномаи чорабиниҳои дар
пешистодаро баррасӣ карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати корҳои
хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.