Ҳамоҳангсози лоиҳаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Ӯзбекистон дар ҳамкории зич бо Маркази миллии мониторинги экологӣ назорати сифати обҳои фаромарзии ҳавзаи дарёи Сирдарёро дастгирӣ менамояд.

Дар доираи ин фаъолият таркиби химиявии обҳои рӯизаминӣ ва таҳшинҳои қаъри дарё мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Ин ба мутахассисон имкон медиҳад, ки хатарҳои эҳтимолии ифлосшавии обро, ки метавонанд дар натиҷаи фаъолияти корхонаҳои истихроҷи маъдан ва саноатии воқеъ дар болооби дарё, инчунин дигар манбаъҳои ифлоскунанда ба вуҷуд оянд, арзёбӣ кунанд.

– Мо чанд сол боз шарикони миллии худро дар самти мониторинги сифати об ва сатҳи ифлосшавӣ дар ҳавзаи дарёи Сирдарё дастгирӣ мекунем, – таъкид намуд  сафир Антти Карттунен, ҳамоҳангсози лоиҳаҳои САҲА дар Ӯзбекистон.  – Об ва захираҳои табиӣ сарҳади давлатиро намешиносанд. Шарикони миллии мо бо ҳамкасбони худ аз кишварҳои ҳамсоя ҳамкории зич дошта, маълумоти дар доираи мониторинги бо дастгирии САҲА гузаронидашударо мубодила мекунанд. Ин раванд ба баланд бардоштани шаффофият мусоидат намуда, барои дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти муштараки экологӣ замина фароҳам меорад».

Чӣ хеле ки муовини якуми роҳбари Маркази миллии мониторинги экологӣ Зафар Қаюмов таъкид намуд, ҳамкории чандинсола бо САҲА ба таҳкими иқтидори миллии кишвар дар соҳаи таҳлили экологӣ мусоидат намудааст.

Ба гуфтаи ӯ, натиҷаҳои бадастомада заминаи илмӣ барои пайгирии тамоюлҳои ифлосшавӣ, арзёбии хатарҳои эҳтимолӣ ба саломатии аҳолӣ ва низомҳои экологӣ, инчунин қабули қарорҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зистро фароҳам меоранд.

Ҳамоҳангсози лоиҳаҳои САҲА дар Ӯзбекистон бо идомаи дастгирии мониторинги сифати об ва табодули фаромарзии маълумот ба шарикони миллӣ дар сари вақт ошкор намудани хатарҳои эҳтимолии экологӣ ёрӣ мерасонад. Ин иқдом ба идоракунии устувори захираҳои муштараки обӣ мусоидат карда, дар таҳкими амнияти экологӣ саҳми арзанда мегузорад.