Дар мулоқот таъкид шуд, ки ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ӯзбекистон ва Туркия дар солҳои охир мазмуну муҳтавои нав касб намуда, дар баробари самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию башардӯстона, дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ низ пайваста рушд мекунанд.

Зимни суҳбат вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, ба масъалаҳои табодули таҷрибаи мутақобила дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм ва экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин пешгирӣ ва муқовимат ба ҷиноятҳои киберӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҷонибҳо ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти ҷамъиятӣ, инчунин рушди пайвастаи робитаҳои мутақобилан судманд изҳори ҳавасмандӣ намуда, вазифаҳои ояндадори ин соҳаро муайян карданд.