Фармони дахлдорро вазири сохтмон, меъморӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии кишвар Нурдан Орунтаев имзо кардааст.
Зери мафҳуми «сикли сифрӣ» марҳилаи сохтмоне фаҳмида мешавад, ки бунёди таҳкурсӣ ва пурра анҷом додани корҳои сохтмонии зеризаминиро дар бар мегирад.
Мувофиқи фармон, то анҷоми ин марҳила ба ширкатҳои сохтмонӣ амалҳои зерин манъ карда мешаванд:
фурӯши хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои ғайриистиқоматӣ дар иншооти сохташаванда;
бастани шартномаҳои иштироки саҳмӣ дар сохтмон, шартномаҳои пешакӣ ва дигар аҳдҳои ҳуқуқии шаҳрвандӣ, ки ҷалби маблағҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқиро барои сохтмон пешбинӣ мекунанд;
ҷойгир намудани эълону таблиғи иншооти сохтмонӣ.
Ба Департаменти назорати давлатии меъморию сохтмонӣ супориш дода шудааст, ки ҳолатҳои риоя нагардидани талаботи мазкур, аз ҷумла таблиғи ғайриқонунӣ, оғози фурӯш ва ҷалби маблағҳоро ошкор намояд. Дар сурати ошкор шудани қонуншиканиҳо ниҳод дар доираи ваколатҳои худ чораҳои дахлдор меандешад.
Дар Вазорати сохтмон хабар додаанд, ки аллакай бо ширкатҳои сохтмонӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Роҳбарони ташкилотҳо бо талаботи нав шинос гардида, дар бораи ҷавобгарӣ барои риоя накардани онҳо огоҳ карда шудаанд.
Ба шарҳи вазорат, фармони мазкур ба ҳифзи маблағ ва ҳуқуқи харидорони манзил, инчунин коҳиш додани хавфҳои сармоягузорӣ ба иншооте, ки ҳанӯз ба марҳилаи пурраи сохтмон нарасидаанд, равона шудааст, хабар медиҳад агентии иттилоотии «24.kg».