Мувофиқи ҳисобҳои агентӣ, демократҳо дар Сенат 54 курсӣ ва дар Палатаи намояндагон 232 курсиро соҳиб мешаванд. Ҳизби ҷумҳурихоҳ бошад, мутаносибан 44 ва 139 курсӣ ба даст меорад.
Айни замон ҳар ду палатаи Конгресс таҳти назорати Ҳизби ҷумҳурихоҳ қарор доранд: ин ҳизб дар Сенат 53 ва дар Палатаи намояндагон 219 курсӣ дорад.
Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки омода аст натиҷаҳои интихоботи миёнамӯҳлатро эътироф намуда, бо демократҳо ҳамкорӣ кунад. Ӯ умед дошт, ки ҷумҳурихоҳон натиҷаи беҳтар нишон медиҳанд ва шикасти онҳоро ба болоравии нархи бензин дар пайи низоъ бо Эрон рабт дод. Ҳамзамон, раҳбари Кохи Сафед нахост нокомии ҷумҳурихоҳонро шикасти шахсии худ арзёбӣ кунад.
Овоздиҳӣ дар Иёлоти Муттаҳида рӯзи гузашта баргузор шуд. Дар Палатаи намояндагон интихобкунандагон бояд ҳамаи 435 вакилро интихоб мекарданд, дар Сенат бошад, аз 100 сенатор 35 нафарро, хабар медиҳад ria.ru.
Назорати Конгресс ба демократҳо имкон медиҳад, ки рӯзномаи қонунгузории Трампро боздоранд, фаъолияти маъмурияти ӯро мавриди тафтиш қарор диҳанд ва хароҷоти давлатиро маҳдуд созанд. Ба даст овардани аксарият дар Сенат ба онҳо ҳуқуқ медиҳад, ки таъйини номзадҳои пешниҳодкардаи президентро ба вазифаҳои давлатӣ боздоранд.
Як рӯз пеш аз интихобот раҳбари Кохи сафед изҳор дошт, ки ба чунин натиҷа омода аст ва ба гуфтаи ӯ, чунин ҳолат барои сиёсати Амрико хос мебошад.