Бино ба иттилои Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ӯзбекистон, аз ин шумора 19 донишгоҳ дар ҳазоргонаи аввали рейтинг ҷой гирифта, шаштои онҳо ба рӯйхати 500 донишгоҳи беҳтарин ва дутоаш ба садгонаи дуюм шомил шудаанд.
Дар байни донишгоҳҳои Ӯзбекистон Донишгоҳи миллии тадқиқотии «ТИИИМСХ» мақоми пешсафро касб карда, дар рейтинги Осиё ҷойи 113-юм ва дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии Осиёи Марказӣ мақоми чорумро ишғол намуд. Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон бошад, дар рейтинги Осиё дар ҷойи 196-ум ва дар рейтинги минтақавӣ дар ҷойи нуҳум қарор гирифт.
Ҳамчунин, ба қатори донишгоҳҳои дорои нишондиҳандаҳои баланд Донишгоҳи давлатии Самарқанд (ҷойи 215-ум), Донишгоҳи давлатии иқтисоди Тошканд (ҷойи 255-ум) ва Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд (ҷойи 281-ум) дохил шуданд.
Боз 14 муассисаи таҳсилоти олии Ӯзбекистон дар ин рейтинг мақомҳои аз 469-ум то 1000-умро ишғол кардаанд. Ба ин қатор донишгоҳҳои Намангон, Тошканд, Урганҷ, Қаршӣ, Бухоро, Фарғона, Ҷиззах ва Нукус дохил мешаванд.
19 муассисаи таҳсилоти олии боқимондаи кишвар дар зинаҳои аз ҷойи 1001-ум боло қарор гирифтаанд. Дар байни онҳо Донишгоҳи давлатии Андиҷон, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳонии Ӯзбекистон, Донишгоҳи давлатии Гулистон ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳастанд.
Ба таъкиди вазорат, натиҷаҳои бадастомада бозгӯи ислоҳот дар низоми таҳсилоти олии кишвар, ҳамгироии илму маориф ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошанд.