Ин имконият ба заноне пешниҳод
мешавад, ки маълумоти миёнаи махсус ё касбӣ дошта, на камтар аз 5 сол аз рӯи
ихтисоси худ таҷрибаи корӣ доранд, аммо маълумоти олӣ надоранд.
Барои чунин довталабон дар
донишгоҳҳои давлатии кишвар 500 ҷойи алоҳида ҷудо шудааст.
Интихоб дар асоси озмун сурат
мегирад: иштирокчиён имтиҳонҳои дохилшавӣ месупоранд ва қабул аз рӯи натиҷаҳои
беҳтарин анҷом дода мешавад.
Шартҳои асосӣ:
доштани маълумоти миёнаи махсус ё
касбӣ;
на камтар аз 5 соли таҷрибаи корӣ аз рӯи ихтисос;
надоштани дараҷаи бакалавр.
Қабули дархостҳо то 1 июн идома меёбад.
Тавсиянома ба муҳлати 3 сол дода шуда, танҳо як
маротиба истифода бурда мешавад.
Ин имтиёз ба донишгоҳҳои хориҷӣ, ғайридавлатӣ ва ҳарбӣ
татбиқ намегардад.
Дархостро метавон ба таври онлайн тавассути портали
my.gov пешниҳод кард.